Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози нашрияҳои мустақил аз изҳороти вазири дифои Тоҷикистон


Нашрияҳои мустақили Тоҷикистон гуфтаанд, аз изҳороти ахири вазири дифои ин кишвар ба додгоҳ шикоят хоҳанд кард. Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, нашрияҳо набояд суханони вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоевро таҳаммул кунанд, ки онҳоро ёвари террористон унвон кардааст. Вай даъвои вазири дифоъро "беасос" номид. Панҷ нашрияи мустақили Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ба нишони эътироз аз изҳороти вазири дифоъ як сафҳаи шумораи навбатии худро холӣ аз матлаб мунташир кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG