Пайвандҳои дастрасӣ

Қасди Лужков барои таъсиси як ҳаракати сиёсӣ


Юрий Лужков, шаҳрдори Маскав, ки раиси ҷумҳури Русия ӯро аз мақомаш барканор кард, мегӯяд, қасд дорад, як ҷунбиши сиёсӣ таъсис диҳад. Юрий Лужковро пас аз 18 соли шаҳрдориаш дар Маскав, ҳафтаи гузашта Дмитрий Медведев аз кор ронд. Дар нахустин мусоҳибааш бо ҳафтаномаи мухолифи “Ню Таймс”, Юрий Лужков гуфтааст, қасди шикоят аз амри барканориаш ба додгоҳро надорад, зеро ба эътиқоди ӯ ҳеҷ додгоҳи Русия ҷасорати радди қарорҳои Кремлро надорад. Юрий Лужков гуфтааст, ба хотири рушди демократия дар Маскав як ҳаракати сиёсӣ таъсис хоҳад дод. Шаҳрдори Маскавро баъди интиқоди ошкораш аз Дмитрий Медведев барканор карданд.
XS
SM
MD
LG