Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии эътилофи ҳоким дар интихоботи Латвия


Натоиҷи шумориши тақрибан ҳамаи орои интихоботи Латвия ҳокии пирӯзии эътилофи ҳокими сарвазири кунунӣ Валдис Домбровскис аст, ки ҳудуди 59 дарсади ороро соҳиб шудааст. Мухолифини чапгаро, ки ба ақалияти русзабонҳо такя мекарданд, қариб 25 дарсад раъй гирифтаанд. Домбровскис дар пайи маълум шудани ин натоиҷ гуфт: “Албатта, мо дар садади идома додани хатти машши сиёсии кунунӣ ҳастем. Ва ба назари ман, ин раъйгирӣ ду чизи мусбат дошт. Якум ин ки интихоботкунандагон барои субот раъй доданд ва сониян, онҳо ошкоро популизмро радд карданд.”
Иқтисоди Латвия соли гузашта 18 фоиз пас рафт, ки пойинтарин мизони пасрафт дар ҷаҳон дар чандин соли охир дониста мешавад. Ин кишвари ҷамъияташ ҳудуди 2,2 миллион нафар ба хотири халосӣ аз чанги расвоӣ аз Сандуқи байналмилалии пул 7,5 миллиард евро вом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG