Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози раъйгирӣ дар Буснӣ ва Ҳерзеговин


Имрӯз дар Буснӣ ва Ҳерзеговин интихоботи саросарӣ оғоз ёфт. Дар ин раъйгирӣ аъзои парлумон ва сегонаи раёсати ин ҷумҳурӣ, ки якномзадӣ аз гурӯҳҳои қавмии сербҳову хорватҳо ва мусалмононро дар бар мегирад, интихоб хоҳанд шуд. Аъзои маҷлиси ҳарду минтақаи Буснӣ - Федеросиюни мусалмонону хорватҳо ва Ҷумҳурии сербҳоро низ имрӯз интихоб мекунанд.
Ин шашумин раъйгирӣ дар Буснӣ баъд аз ҷангҳои хунини солҳои 1992-1995 аст, ки ҳудуди 100 000 кушта ба ҷо гузошт.
Барои ширкат дар интихобот тақрибан 3,1 миллион нафари воҷиди шароити раъй сабти ном шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG