Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон гузаргоҳи Торхамро аз нав боз хоҳад кард


Сафири Покистон дар Амрико гуфт, Исломобод мехоҳад дар пайи рафъи нигарониҳои амниятӣ гузаргоҳи марзиеро, ки барои таъмини нирӯҳои НАТО дар Афғонистон истифод мешуд, дубора боз кунад. Покистон гузаргоҳи Торхам дар ағбаи Хайбарро рӯзи панҷшанбе ба дунболи кушта шудани 3 сарбози покистонӣ дар натиҷаи ҳамлаи чархболҳои НАТО баст. НАТО мегӯяд, ин чархболҳо аз дохили Покистон таҳти ҳамла қарор гирифта, ба хотири дифоъ аз худ оташи ҷавобӣ кушодаанд.
Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт: “Мо ҳеҷ гоҳ ба шумо дахолат ба истиқлол ва якпорчагии Покистонро иҷоза нахоҳем дод ва агар шумо иқдомҳои худро ташреҳ ё ҷуброн накунед ваё узр нахоҳед, мо метавонем рӯи роҳҳои дигар бияндешем. Мо роҳҳои дигар дорем.”
Аммо Ҳусайн Ҳаққонӣ, сафири Покистон дар Вошингтон гуфт, марз дар пайи бурузи эътирозҳо ба далоили амниятӣ баста шуд ва дар пайи рафъи ин нигарониҳо метавонад боз шавад.
Афроди мусаллаҳ рӯзи ҷумъа дар ҷануби Покистон ба як корвони иборат аз беш аз 25 мошини ҳомили маводи сӯхт барои нирӯҳои НАТО дар Афғонистон ҳамла оварданд.
XS
SM
MD
LG