Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ рекорди Ҳолландро шикаст, вале чӣ гуна рекорд?


Бино ба як гузориш, Ироқ имрӯз рекорди ҷаҳонӣ дар мавриди таъхир дар ташкили ҳукуматро шикаст. Рӯзномаи “Вашингтон Пост”, имрӯз гуфт, бо вуҷуди гузашти 208 рӯз аз интихоботи порлумонӣ, ҳанӯз ҳам ҳукумати Ироқ ташкил нашудааст ва поёни ин бунбасти сиёсӣ ҳам маълум нест. Бар асоси ин гузориш, Ҳолланд, дар соли 1977 дар муддати 207 рӯз натавонистааст, ки ҳукуматро ташкил диҳад. Мақомоти Амрико ҳушдор додаанд, ки бӯҳрони тақрибан ҳафтмоҳаи сиёсӣ Ироқ ва амнияти онро бештар осебпазир мекунад.
XS
SM
MD
LG