Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лужков аз болои Медведев шикоят нахоҳад кард


Юрий Лужков, мири собиқи шаҳри Маскав, аз болои амри раисиҷумҳур Дмитрий Медведев дар бораи барканорияш аз мақом ба Додгоҳи олии Русия шикоят нахоҳад бурд. Дар сӯҳбат бо хабарнигори маҷаллаи The New Times Юрий Лужков ҳамчунин гуфтааст, ки номзадии худро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2012 пешбарӣ нахоҳад кард.
Рӯзи сешанбе Дмитрий Медведев Юрий Лужковро бо далели беэътимодӣ ба ӯ аз мақоми мири шаҳри Маскав барканор намуд.
XS
SM
MD
LG