Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори эронӣ ба се соли зиндон маҳкум шуд


Бино ба гузоришҳо, додгоҳи Теҳрон Исо Саҳархез, яке аз хабарнигорони маъруфи Эронро бо гуноҳи тавҳин ба раҳбари муаззами Эрон ва тарғибот алайҳи режим ба 3 соли зиндон маҳкум кардааст. Ба гузориши бахши форсии Радиои Озодӣ, додгоҳ ҳамчунин Исо Саҳархезро барои панҷ сол аз ҳаққи фаъолиятҳои сиёсӣ ва хабарнигорӣ маҳрум кардааст. Ин хабарнигорро баъди тазоҳуротҳои густурдаи пас аз интихоботи баҳсбарангези моҳи июли соли гузашта дар Эрон боздошт карданд. Ӯ пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар интихоботро “дурӯғи бузург” хонда ва гуфтааст, ки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон қодир ба иҷрои масъулиятҳои худ нест ва бояд аз мақомаш барканор шавад.
XS
SM
MD
LG