Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ амри боздошти вазири қазоқро содир накард


Як додгоҳи шаҳри Остона имрӯз дархости мақомоти пулиси молӣ барои судури амри боздошти Жақсилиқ Досқалиев, вазири беҳдошти Қазоқистонро, рад кард. Пулиси молии Қазоқистон, вазири беҳдоштро ба сӯистифода аз мақом муттаҳам медонад ва ӯро дар ин замина ҳам бозпурсӣ кардаанд. Жақсилиқ Досқалиев баъди ин бозпурсӣ бо бемории сактаи мағзӣ ба бемористон интиқол ёфт. Порлумони Қазоқистон хостори шарҳи қазияи вазир аз сӯи додситонӣ шудаанд, ки то кунун ҷузъиёти қазияро шарҳ надодааст.
XS
SM
MD
LG