Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогнависи маъруфи эронӣ 19 сол гирифт


Бино ба гузориши як сомонаи эронӣ, блогнависи маъруф Ҳусейн Дурахшон, ки 2 сол боз дар боздошт қарор дошт, ба 19 соли зиндон маҳкум шудааст. Сомонаи “Машриқнюс”, ки бовар меравад, ба дафтари раёсатҷумҳурии Эрон наздик аст, гуфт, Дурахшонро дар ҳамкорӣ бо кишварҳои душман, нашри таблиғоти зидди низоми ҳоким, ташвиқи гурӯҳҳои аксулинқилобӣ ва тавҳин ба ақоиди исломиву шахсиятҳои мазҳабӣ муҷрим шинохтаанд. Ҳусейн Дурахшон, ки оғози ҳаракати блогнависӣ дар Эронро ба номи ӯ пайванд медиҳанд, дар соли 2008, баъди бозгашташ аз мусофират дар Бритониёву Канада боздошт шуд. Ӯ шаҳрванди ҳам Эрон ва ҳам Канада аст. Гузоришҳои қаблии тасдиқношуда мегуфтанд, ки Дурахшон ҳукми қатл гирифтааст.
XS
SM
MD
LG