Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии IMF ба "тӯҳфа"-и пешазинтихоботии Лукашенко


Сандуқи байналмилалии пул барномаи давлати Беларус ҷиҳати афзоиши сидарсадии маошҳо дар пешорӯи интихоботи моҳи декабри раёсати ин ҷумҳуриро интиқод кард. Намояндаи IMF Наталя Колядина гуфт, ин афзоиш заминаҳои иқтисодӣ надорад ва бо тавофуқоти байни Беларус ва Сандуқи пул дар таноқуз аст. Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенко, ки барои давраи чоруми раёсат ба интихобот рафтанист, дирӯз эълон кард, ки аз 1 ноябр маоши ҳадди ақал дар кишвар ба тақрибан 500 доллар хоҳад расид. Ҳазинаи ин “тӯҳфа”-и пешазинтихоботии Лукашенко 2,3 миллиард доллар баровард шуда, касри будҷаи Беларусро 2 маротиба хоҳад афзуд.
XS
SM
MD
LG