Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе дар арафаи нишасти вазирони энержии ЭКО


Аз 29 сентябр то 1 октябр дар Душанбе нишасти вазирони нафту энержии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ - ЭКО баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш, қарор аст, вазирони нафту энержии Эрону Афғонистон, Покистону Туркия, Озарбойҷон ва 5 кишвари Осиёи Марказӣ ширкат варзанд.
ЭКО соли 1977 бар асоси паймони Измир таъсис ёфта, ибтидо фақат Эрону Туркия ва Покистонро дар бар мегирифт. Феълан ин созмон 10 кишвари Ховари Миёна ва Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG