Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси нави ҳизби "Украинаи мо" интихоб шуд


Валентин Наливайченко, раиси пешини Хадамоти амниятии Украина, имрӯз раиси нави ҳизби “Украинаи мо” интихоб шуд. Аз номзадии ӯ раиси фахрии ҳизб ва раисиҷумҳури пешин Виктор Юшенко ҷонибдорӣ кард. Дар анҷумани ҳизб дар шаҳри Киев Шӯрои сиёсии ҳизб интихоб шуд. Раҳбарони пешини ҳизб ду ҳафта қабл истеъфо дода буданд. Валентин Наливайченко зимни суханронӣ дар анҷуман гуфт, ки ҳизби “Украинаи мо” бояд аз дастовардҳои демократӣ дифоъ кунад.
Виктор Юшенко мақомотро дар таъқиби мухолифин айбдор кард ва изҳор намуд, ки ҳизб дар мухолифати шадид ба раисиҷумҳур Виктор Янукович ва ҳукумати ӯ қарор хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG