Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Судури ҳукми як зани покистонӣ дар Ню-Йорк


Додгоҳи Ню-Йорк дирӯз як зани донишманди покистониро бо ҷурми қасди куштори афсарони Амрико дар Афғонистон ба 86 соли зиндон маҳкум кард, ки амалан ба маънои ҳабси умрбод аст. Офия Сиддиқии 38-сола, олими асабшинос, ки дар Пажӯҳишгоҳи мӯътабари фанновариҳои Массачуссетс таълим дидааст, дар соли 2008 дар шаҳри Ғазнӣ баъди боздошташ аз сӯи пулиси Афғонистон алайҳи амрикоиҳое, ки барои бозпурсии ӯ омада буданд, оташ кушод.
Хабари судури ҳукми Сиддиқӣ боиси эътирозҳо дар Покистон, аз ҷумла дар Пешовар ва зодгоҳи ӯ -Карочӣ шуд. Вакилони ӯ мегӯянд, ки тирандозӣ дар Ғазнӣ як тасодуф буд ва рабте бо терроризм надорад.
XS
SM
MD
LG