Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти вижа дар Рашт идома дорад


Рӯзи дуввум аст, ки алоқаи мобилӣ бо ноҳияи Рашт қатъ шудааст. Ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, қатъи иртибот бо дастури мақомоти амниятӣ сурат гирифтааст.
Бо ин ҳол, Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки амалиёти таъқиби гурӯҳҳои силоҳбадаст дар ин минтақа идома дорад. Вале ӯ аз ифшои маҳаллҳои мушаххаси ин амалиёт худдорӣ кард.
Авзоъ дар водии Рашт дар пайи ҳамлаи рӯзи 19 сентябри як гурӯҳи силоҳбадаст ба корвони нирӯҳои артиши Тоҷикистон дар дараи Камароб, ки 25 ило 28 кушта ба ҷо гузошт, рӯ ба ташаннуҷ овард. Мақомот масъулияти ин ҳамларо ибтидо ба Мулло Абдулло Раҳимов ва Аловиддин Давлатов ва ахиран ба Мирзохӯҷа Аҳмадов бор карданд. Ҳарсе аз фармондеҳони собиқи мухолифин дар водии Раштанд.
XS
SM
MD
LG