Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёти алайҳи шӯришиён дар водии Рашт


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар як амалиёт алайҳи ҷангиёни гумонбар ба ҳамлаи хунини рӯзи 19 сентябр, ки 25 сарбози артишро дар шарқи кишвар кушта ба ҷо гузошт, 5 ҷангӣ кушта шуданд. Дар бораи талафоти ҷониби давлат хабар дода намешавад. Бино ба хабарҳо, давлат дар посух ба он шабехун нирӯҳои мусаллаҳ бо зиреҳпӯшҳову чархболҳоро ба водии Рашт эъзом кардааст. Мақомот мегӯянд, аз манзили фармондеҳи собиқи мухолифин дар ноҳияи Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов як теъдод силоҳу муҳимот ва маводи мунфаҷира кашфу забт шудааст. Аммо худи ӯ, бино ба хабарҳо, фирор кардааст.
Мақомот акнун Аҳмадовро раҳбари аслии гурӯҳҳои ошӯбгар дар водии Рашт ном мебаранд. Ин дар ҳолест, ки Душанбе қаблан Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, як фармондеҳи дигари мухолифинро раҳбари омилони ҳамлаи хунини рӯзи якшанбе ном мебурд.
Мирзохӯҷа Аҳмадов як рӯз қабл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, амалиёти таъқиботӣ ҷонибдорони ӯро ба домани гурӯҳҳои ошӯбгар тела медиҳад.
XS
SM
MD
LG