Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: Шонси раҳоии кӯҳнавардон боқист


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, шонси раҳоии ду кӯҳнаварди боқимондаи амрикоӣ боқист, вале қазияро бояд ибтидо қозӣ бубинад. Аҳмадинажод раҳоии Соро Шоурд, танҳо зан аз миёни 3 кӯҳнаварди амрикоиии соли гузашта дар марзи Эрону Ироқ боздоштшударо аломати ҳусни шафқат ва ҳусни ният номид. Кӯҳнавардон мегӯянд, аз кӯҳистони Курдистони Ироқ тасодуфан вориди хоки Эрон шудаанд. Вале мақомоти Эрон онҳоро ба ҷосусӣ муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG