Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Душанбе


Дирӯз, 22 сентябр дар Кохи Борбади пойтахти Тоҷикистон расми ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон доир шудааст.
Ин маъракаи фарҳангӣ то 25 сентябр идома ёфта, тайи он ҳунармандони туркман дар Душанбе ва навоҳии Ҳисору Ҷилликӯл барои ҳаводорони фарҳанги туркманӣ силсилаи консертҳо барпо хоҳанд кард. Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон шоми ҷумъа, 24 сентябр бо як консерти муштараки ситораҳои ҳунари ду кишвар дар майдони 800-солагии Маскав, дар шафати театри опера, анҷом хоҳад ёфт.
Дар оянда, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон низ дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG