Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду мухолифи қазоқ дар Атирау


Пулиси Қазоқистон дар шаҳри ғарбии Атирау ду узви ҳизби сабтиномнашудаи Олғаро боздошт кардааст. Одилҷон Кенҷаалиев, ҳамоҳангсози бахши маҳаллии ҳизби Олға гуфт, Олмагул Жиреншиева ва Райҳон Кенҷагулова замоне боздошт шуданд, ки бояд барои ширкат дар як нишасти ҳизбӣ аз Атирау ба Алма-Ато мерафтанд. Ҳизби Олға мехоҳад рӯзи шанбе дар як ҳамоиш дар Алма-Ато пешниҳоди баргузории раъйпурсӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро мавриди баҳс қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG