Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори сафорати Амрико аз сафар ба водии Рашт


Бино ба гузориши хабаргузории амрикоии UPI, cафорати Амрико дар Душанбе дар пайи ҳамлаи хунини Камароб шаҳрвандони амрикоиро аз сафар ба водии Рашт ҳушдор додааст. Сафорат ба амрикоиҳо тавсия додааст, ки то оддӣ шудани вазъ аз сафар ба шарқи Тоҷикистон худдорӣ кунанд ва агар сафар ба водии Рашт барояшон ногузир бошад, аз эҳтиёти тамом ва ҳушёрӣ кор баранд. Бино бар ин хабар, сафорати Амрико дар рӯзҳои иди истиқлоли Тоҷикистон ва иди Рамазон низ атбоъи амрикоиро машварат дода буд, ки аз ҳузур дар мавокини маросими идона худдорӣ биварзанд.
XS
SM
MD
LG