Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солрӯзи куштори Искандари Хатлонӣ, шоир ва рӯзноманигор


Имрӯз 21-уми сентябр даҳумин солрӯзи қатли Искандари Хатлонӣ, шоир, рӯзноманигор ва мутраҷими тавонои тоҷик буд. Хатлонӣ, дар ҳоле ки аз соли 1997 то дами маргаш хабарнигори Радиои Озодӣ дар Русия буд, рӯзи 21-уми сентябри соли 2000 дар манзили кироя дар Маскав бо як бераҳмӣ ба қатл расид. Бо гузашти як даҳа низ қотил ё қотилони он ифшо ва муҷозот нашудаанд. Дар солрӯзи даргузашти ӯ дӯстонаш дар шабакаи иҷтимоии Фесйбук аксҳо ва ашъораш аз китобҳои "Садои пойи вожаҳо" ва "Кушоиш"-ро мунташир кардаанд. Ҳамчунин матолибе дар бораи ӯ дар расонаҳои форсӣ ба нашр расидааст.
XS
SM
MD
LG