Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи нишасти Барномаи рушди ҳазорсола


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дирӯз нишасти серӯзаи сарони кишварҳои ҷаҳон бахшида ба ҷараёни иҷрои Барномаи рушди ҳазорсоларо ифтитоҳ кард. Беш аз 140 раҳбари ҷаҳон дар ин нишаст роҳҳои расидан ба иҷрои ин барномаро, ки зарбулаҷалаш соли 2015 таъйин шудааст, баҳс хоҳанд кард.
Ин барнома, ки соли 2000 тасвиб шудааст, тайи 15 сол нисф кардани мизони фақру коҳиши маргумири атфол, беҳбуди маориф ва гирифтани пеши роҳи густариши бемории қаттоли AIDS-ро ба ҳадаф дорад. Мақомоти СММ мегӯянд, бо онки то анҷоми ин барнома 5 соли дигар мондааст, иҷрои хеле аз ҳадафҳояш мушкил ва ҳатто ғайримумкин ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG