Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ сӯи дафтари ҳизби ҳоким дар Украина


Бинои дафтари Ҳизби минтақаҳо - ҳизби ҳукмрони Украина дар шаҳри Одесса мавриди тирандозии афроди ношинос қарор гирифтааст. Ба иттилоъи бахши украинии Радиои Озодӣ, дар ин ҳодиса, ки шоми рӯзи якшанбе ба вуқӯъ пайваст, ба касе осеб нарасидааст. Эдуард Матвейчук, раиси ҳукумати вилояти Одесса ва раиси бахши Ҳизби манотиқ дар вилоят, изҳор намуд, афроде, ки сӯи бино тир андохтаанд, бояд ҳатман боздошт ва муҷозот шаванд.
Масъулини полиси Одесса хабари тирандозӣ сӯи бинои дафтари ҳизбро тасдиқ ваё инкор накардаанд. Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки раҳбарони ҳизб пайи тирҳоро субҳи рӯзи душанбе ошкор карданд.
XS
SM
MD
LG