Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи ҳокими Шветсия бо "сабзҳо" музокирот мекунад


Дар интихоботи парлумонии Шветсия эътилофи ҳокими аҳзоби ростгаро пирӯз шуд ва аммо барои таъсиси ҳукумати нав ба он се курсӣ намерасад. Ба иттилоъи расмӣ, эътилофи сарвазири феълӣ Фредерик Рейнфелдт, ки ба он чаҳор ҳизб шомиланд, 172 курсӣ аз парлумони дорои 349 ҷойро соҳиб шудааст. Ҳизби демократ, ки бо барномаи зидди муҳоҷират дар интихобот ширкат дошт, ба дарёфти ҳамагӣ 20 курсӣ муваффақ гардид.
Фредерик Рейнфелдт ба хабарнигорон гуфт, "мо тасмим гирифтаем, ки дар сурати зарурат ба ҳизби сабзҳо рӯ меоварем". Сарвазири Шветсия ҳамчунин гуфт, ки ӯ барои бар дӯш гирифтани раёсати ҳукумати аққалият ва аммо бидуни вуруди демократҳо ба ин ҳукумат низ омода аст.
XS
SM
MD
LG