Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки изофии молии Амрико ба Тоҷикистон


Ҳукумати Амрико барои таҳкими посбонии марзҳо ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон ба кишвар 7 миллион доллари изофӣ кӯмак мекунад. Созишнома дар ин заминаро дирӯз Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Душанбе ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, имзо карданд. Ҳафт миллион доллар барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддири афғонӣ, харидории таҷҳизот барои ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи тартибот ва ислоҳи низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон масраф мешудааст. Амрико аз соли 1992 то кунун барои иҷрои барномаҳои амниятӣ ба Тоҷикистон 44 миллион доллар кӯмак кардааст ва мегӯяд, омода аст, ҳамкориро дар ин замина бо Тоҷикистон идома диҳад.
XS
SM
MD
LG