Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сояафкании масъалаи лӯлиён ба нишасти Аврупо


Тасмими баҳсбарангези ихроҷи муҳоҷирони лӯлӣ аз қаламрави Фаронса имрӯз ба оғози нишасти Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел соя афканд. Рӯзи чоршанбе Фаронса изҳороти комиссионери Иттиҳодияи Аврупо дар умури адлияро ғайри қобили қабул хонд, ки ихроҷи лӯлиёнро аз Фаронса бо таъқиби ин мардум аз ҷониби режими нозӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон муқоиса кард. Нахуствазири Фаронса Франсуа Фийон изҳороти Вивйен Редингро “боварнакарданӣ ва моҷаробарангез” хонд. Ӯ аз давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки ба зудтарин фурсат масъалаи лӯлиҳоро, ки ба Аврупои ғарбӣ бидуни ҳеҷ пуштибониву кӯмак меоянд, ҳаллу фасл кунад. Нишасти инҳафтаинаи Иттиҳодияи Аврупо бояд ба масоили иқтисодиву сиёсати хориҷӣ тамаркуз кунад.
XS
SM
MD
LG