Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ба музокира бо Толибон таъкид кард


Зимни боздидаш аз Покистон раҳбари Афғонистон бори дигар ба тасмими ҳукуматааш оид ба шурӯи музокираи сулҳ бо Толибон таъкид кард. Карзай ба Покистон ду рӯз пеш аз баргузории интихоботи парлумонии кишвараш ва дар шароити идомаёбии бомборони ҳавоии макони эҳтимолии паноҳёбии ҷангиёни Ал-Қоида дар манотиқи қабиланишини Покистон сафар кард. Бархе дар Афғонистон ин сафари Карзайро ба Исломобод чун кӯшиши дастёбӣ ба пуштибонии Покистон арзёбӣ мекунанд. Аз нигоҳи таҳлилгарон, нақшаҳои Карзай барои шурӯи музокирот бо Толибон пеш аз ҳар дигар кишвар ба Покистон муҳим аст. Имрӯз қарор аст сафари президенти Афғонистон хотима ёбад.
XS
SM
MD
LG