Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Авфи Байналмилал аз Қирғизистон


Созмони Авфи Байналмилал Қирғизистонро барои ба ҳабси якумрӣ маҳкум кардани Азимҷон Аскаров, як фаъоли узбактабори ҳуқуқи инсон интиқод кард. Зимни як баёнияи расмӣ, Авфи Байналмилал, иттиҳомот алайҳи Азимҷон Аскаровро, “сохта” хонда ва хостори раҳоии фаврии ӯ шудааст. Андреа Ҳубер, намояндаи созмон мегӯяд: "“Ин ҳукми золимона аст ва ҳамчунин ҳукми мусодираи молу мулк, ки ҳеҷ заминаи қонуние барои вуҷуд надорад.“ Додгоҳи Қирғизистон Азимҷон Аскаров ва ҳафт ӯзбактабори дигарро ба қатли як маъмури милисаи қирғиз дар рустои Бозорқурғон дар ҷараёни низоъҳои қавмии моҳи июн гунаҳкор донист. Аммо ҳамаи онҳо гуфтаанд, ки бегуноҳанд. Авфи Байналмилал мегӯяд, Азимҷон Аскаров то боздошташ дар миёнаҳои моҳи июн доир ба ғоратгариҳои хонаҳо ва қатли ӯзбактаборон дар низоъҳои қавмӣ санад ҷамъ мекардааст.
XS
SM
MD
LG