Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод дар як нишасти СММ ширкат намекунад


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон зоҳиран аз ширкат дар нишасти Созмони Милал барои эҳёи музокироти халъи байналмилалии силоҳ даст кашидааст. Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал, медонад, ки Маҳмуди Аҳмадинажод дар нишаст и рӯзи 24 сентябр ширкат намекунад, аммо қарор аст, бо ӯ дар Ню Йорк доир ба барномаҳои баҳсбарангезии атомии Эрон гуфтӯгу кунад: "Ман медонам, ки ӯ қасди ширкат дар он нишастро надорад, вале умедворам, имкони мулоқоти дуҷониба бо ӯро хоҳам ёфт ва мо масоили муштараки мавриди назар, аз ҷумла барномаҳои атомии Эрон баррасӣ хоҳем кард." Қарор аст, Маҳмуди Аҳмадинажод ҳафтаи оянда дар нишасти Маҷмаъи умумиии Созмони Милал дар Ню Йорк суханронӣ кунад. Созмони Милал чаҳор маротиба алайҳи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон таҳрим эъмол кардааст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон қасди сохтани бомби атомӣ дорад, аммо Эрон ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG