Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се ифротгаро аз зарбаи мушакӣ дар Шавал


Дар минтақаи Вазиристони шимолии Покистон бар асари зарбаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ 9 мусаллаҳи мухолифи ҳукумат кушта шуданд. Бар пояи иттилоъи расмӣ, ба як пойгоҳи мухолифин дар минтақаи Шавали наздикиҳои марз бо Афғонистон се зарбаи мушакӣ зада шуд.
Дар шаҳри Ҳангу, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон бошад, афроди ношинос як хабарнигори маҳаллиро ба қатл расониданд. Мақомоти полис гуфтанд, ки рӯзҳои ахир ба хабарнигор барои нашри чанд матлаб оид ба ҷиноёти гурӯҳҳои ифротгаро таҳдиди куштан карда буданд.
XS
SM
MD
LG