Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти узви Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Душанбе


Мақомоти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯянд, як узви фаъоли ин ҳизб боздошт шудааст. Ба гуфтаи ноиби раиси ин ҳизб Воҳидхон Қосиддининов, узви ин ҳизб ва вакили маҷлиси маҳалиии ноҳияи Рашт, Ҳусниддин Давлатов, рӯзи иди Рамазон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе боздошт шудааст. Ба гуфтаи ин мақоми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, то ба ҳол иллати боздошти Ҳусниддин Давлатов ошкор нашудааст. Гуфта мешавад, ки ҷаноби Давлатов ба ҷуз аз фаъолиятҳои сиёсӣ, дар ҲИНТ ба тиҷорати меваи хушк ҳам машғул будаааст
XS
SM
MD
LG