Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш нафари дар таркиш осебдида аз олам даргузаштанд


Таркиш дар хатти лӯлаи интиқоли газ дар шимолу шарқи Эрон мунҷар ба ҳалокати шаш нафар шуд. Ба иттилоъи хабаргузории ISNA, ҳамаи онҳо дар таркиш ҷароҳатҳои сангин бардошта буданд ва дар бемористон аз олам даргузаштанд. Ба иттилоъи расмӣ, таркиш дар канори шаҳри Машҳад баъд аз он рӯх дод, ки як экскаватор иштибоҳан лӯлаи газро шикоф кард. Бар асари таркиш сӯхтор ба амал омад, ки оташнишонҳо фақат баъд аз се соат ба хомӯш карданаш муваффақ шуданд. Хабаргузории ISNA навиштааст, ки бар асари таркиш 20 нафар маҷрӯҳ шуда буданд. Аз ин пеш хабаргузории Меҳр дар бораи ҳалокати ду нафар дар ин ҳодиса иттилоъ дода буд. Дар ҷойи таркиш корҳои таъмирӣ идома доранд.
XS
SM
MD
LG