Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри гузориши нави таҳдидҳои террористӣ ба ИМА


Ахиран дар ИМА гузориши нави ҳукуматӣ дар бораи таҳдидҳои террористӣ ба ИМА таҳия шуд. Питер Ҳофман, яке аз муаллифони гузориш, дар нишасти хабарӣ дар Вошингтон гуфт: "Натиҷагирии асосии мо ин аст, ки таҳдидҳои террористӣ дар ҳамаи давраи баъд аз ҳамлаҳои 11 сентябр ҳеҷ гоҳ ин қадар бузург ва хатарбор набуданд".
Питер Ҳофман афзуд, ки айни ҳол ягон идораи ҳукуматии Амрико ба таври вижа машғули пайгирӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷалби мусаллаҳони нав ба гурӯҳҳои ифротгаро нест. Ӯ гуфт, ки ҳар идора каму беш ба ин мавзӯъ сару кор мегирад ва аммо натиҷа чунин аст, ки гӯё касе ба он машғул нашудааст.
XS
SM
MD
LG