Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҷлил аз Иди Фитр дар Тоҷикистон


Имрӯз 10-уми сентябр дар саросари Тоҷикистон аз Иди фитр ё поёни моҳи муқаддаси мусулмонон Рамазон аст ва онҳое, ки як моҳи охирро бо тоату ибодат гузаронданд, бо майли тамом аз он таҷлил мекунанд. Шоми гузашта Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар як паёми махсус Иди рамазонро ба мардуми Тоҷикистон фархунда гуфт. Вай гуфт, ҳукуматаш барои "боло бурдани маърифати дини мусулмонон" корҳоеро анҷом медиҳад, аз ҷумла чандин муассисаи илмию пажӯҳишӣ таъсис додааст. Вай ҳамчунин тазаккур дод, ки мардум бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошанд. Ишора ба ин буд, ки афзоиши нуфузи дин дар зиндагии мардум аз як сӯ агар арзишҳои ахлоқиро дар ҷомеа ҷойгузин кардааст, аз сӯи ҷавонони тундгаро ва ситезахоҳеро ба арса овардааст. Фаъолият дар як қатор гурӯҳҳои мазҳабии мамнӯъ сабаби боздошт ва муҳокимаи мусулмонон мегардад. Вале дар ин маврид, ба гуфтаи созмонҳои озодии дин, суистифода бо аҳдофи сиёсӣ низ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG