Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW мегӯяд, интихоботи Афғонистон дар хатар аст


Ҳюман Райтс Вотч, як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, мегӯяд, ҳамлаҳои ҷангҷӯён ба номзадҳои интихоботӣ ва амнияти заъиф интихоботи порлумонии рӯзи 18 сентябр дар Афғонистонро таҳти хатар қарор додааст. Дар баёнияи Ҳюман Райтс Вотч гуфта мешавад, “ҳамлаҳои Толибон ва беэътимодии васеъ ба ҳукумати Афғонистон ба эътибори он таҳдид мекунад.” Мақомоти Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, бинобар бадтар шудани авзоъи амниятӣ аз ҳисоби 458 қитъаҳои раъйдиҳӣ дар вилояти Нангарҳор 81 тои онро мебанданд. Пештар аз ин мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки бинобар далоили амниятӣ 900 қитъаи раъйдиҳӣ дар Афғонистон баста мемонад.
XS
SM
MD
LG