Пайвандҳои дастрасӣ

Азми як калисои мавҳум барои сӯзонидани Қуръон


Як калисои мавҳум дар Амрико мегӯяд, аз қасди хеш барои сӯзондани китоби Қуръон дар рӯзи нӯҳумин солгарди ҳамлаҳои терористиии 11 сентябр ба Иёлоти Муттаҳида даст накашидааст, бо вуҷуди он ки ҳукумат ва низомиёни Амрико, пешвоёни мазҳабҳои гуногуни ҷаҳон ин гуна амалкадро маҳкум кардаанд. Террӣ Ҷонс, рӯҳонии калисои мазкур дар аёлати Флоридаи Амрико, ки тақрибан 50 аъзо доштааст, гуфтааст, нигарониҳои ҳукумати Амрикоро дарк мекунад, ки дар сурати сӯхтани Қуръон, хатар ба ҷони сарбозони Амрико дар хориҷ аз кишвар меафзояд, вале ишора кардааст, ки аз ин барномаи худ даст намекашад. Ҳукумати Барак Обама, фармондеҳони олирутбаи Амрико ва НАТО аз калисо хостаанд, то Қуръонро насӯзонад, зеро ин кор хатари ҳамлаҳо ба нерӯҳои ғарбӣ дар Афғонистон ва дигар ҷойҳоро бештар хоҳад кард. Ҳилларӣ Клинтон вазири умури хориҷаи Амрико дирӯз баъди ифтор дар вазорат амали мазкурро беэҳтиромӣ ва нангин хонд: "Ман аз ҳамовозии рӯшане, ки пешвоёни тамоми мазҳабҳо дар Амрико, сар аз насрониҳои инҷилгаро то ба хохоҳомҳои яҳудӣ, ҳам раҳбарони секуляри Амрико ва фикрсозон, ки амали беэҳтиромона ва нангинро маҳкум кардаанд, рӯҳбаланд шудам."
XS
SM
MD
LG