Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон мардуми тоҷикро бо иди истиқлол табрик гуфт


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати солгарди 19-умин истиқлоли ин кишвар табрик гуфт. Клинтон дар номаи табрикиаш мегӯяд, равобити Тоҷикистону Амрико дар солҳои охир тавсеа ёфта, ду кишвар дар соҳоти муҳиме, чун гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир, манъи густариши таслиҳоти куштори ҷамъӣ ва мубориза бо ақидаҳои ифротӣ ҳамкорӣ доранд. Клинтон гуфт, Амрико ба равобити дарозмуддате бо Душанбе пойбанд аст, ки рушди иқтисоди Тоҷикистонро нумӯъ бахшида, ба суботу амнияти минтақа биафзояд ва ислоҳоти демократиро пеш бубарад.
XS
SM
MD
LG