Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенедикти 16 аз Оштиёнӣ пуштибонӣ хоҳад кард?


Ватикан талоши мутмаин сохтани мақомоти Эрон барои лағви ҳукми додгоҳ дар баробари Сакина Муҳаммади Оштиёниро хоҳад кард. Хонум Оштиёнӣ барои алоқаи ҷинсии номашрӯъ ба эъдом аз тариқи сангандозӣ маҳкум шудааст. Ба гуфтаи сухангӯи Ватикан Федерико Ломбардӣ, ахиран Попи Рум Бенедикти 16 ба сарнавишти хонум Оштиёнӣ таваҷҷуҳ кард.
Ҳукми эъдоми Сакина Муҳаммади Оштиёнӣ, ки модари ду фарзанд аст, сару садои зиёдеро барангехт. Сиёсатмадорону ҳомиёни ҳуқуқи башар ҳукми додгоҳи Эронро танқид карданд. Мақомоти Бразилия ҳатто эълом доштанд, ки омодаанд ба Оштиёнӣ паноҳгоҳ диҳанд ва аммо Теҳрон ин пешниҳодро рад кард.
XS
SM
MD
LG