Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҳамлаи пурқурбонӣ дар Покистон


Бар асари ҳамлаи маргталабона ба постгоҳи полис дар шимолу ғарби Покистон дасти кам 12 корманди ҳифзи тартибот кушта шуданд. Ба иттилоъи мақомоти шаҳри Лакки-Марват, дар ин ҳодиса чандин нафари аз сокинони маҳаллӣ ҷароҳат бардоштаанд. Субҳи рӯзи душанбе маргталаб мошини ҳомили маворди таркандаро ба постгоҳи полис зад.
Ин саввумин ҳамлаи маргталабона дар Покистон дар як ҳафтаи ахир аст. Ҳафтаи гузашта бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Лоҳур ва Кветта тақрибан сад нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG