Пайвандҳои дастрасӣ

Назархоҳии умумии Молдова шикаст хӯрд


Назарсанҷии умумӣ дар Молдова, ки қарор буд, ба интихоботи умумихалқии президенти ин кишвар роҳ боз кунад, ба иллати иштироки ками интихобкунандагон дар он шикаст хӯрд. Шумориши ҳамаи оро нишон дод, ки ҳамагӣ наздик ба 30 дарсади раъйдиҳандагон дар он иҳзори назар кардаанд. Барои баргузоршуда ҳисобидани назарсанҷии умумӣ ба камияш мебоист 33 дарсади раъйдиҳандагон дар он ширкат намоянд. Порлумони Молдова зиёда аз як сол боз натавонистааст президент интихоб кунад ва назарсанҷӣ мебоист, ин мушкилро ҳал мекард. Эътилофи ғарбгарои ҳамоиш бо Аврупо аз референдум пуштибонӣ мекард ва коммунистон ба он мухолиф буданд.
XS
SM
MD
LG