Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии полиси Олмон аз афзоиши таҳдиди исломӣ


Полиси Олмон мегӯяд, таҳдиди исломгароён ба амнияти кишвар афзоиш ёфтааст. Йорг Зурк, раиси Дафтари федероли мубориза бо ҷинояткорӣ гуфт, дар Олмон зиёда аз 400 исломгарои ситезаҷӯ ба сар мебаранд, ки 70 нафари онҳо дар урдугоҳҳои махсус таълими террористӣ гирифта, 40 нафар аз онҳо таҷрибаи ҷанги Афғонистонро доранд. Зурк шиква кард, ки Додгоҳи олии Олмон забти сӯҳбатҳои телефонӣ ва маълумоти интернетиро маҳдуд кардааст, ки назорати мустақим ва доимии чунин афродро мушкил мекунад.
XS
SM
MD
LG