Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак ташвишҳои амниятии Исроилро баҳс хоҳад кард


Қарор аст, имрӯз вазири дифоъи Исроил Эҳуд Барак ба хотири баҳси нигарониҳои амниятии кишвараш ва масоили дигар вориди Русия шавад. Интизор меравад, ки ӯ бо ҳамтои руси худ Анатолий Сердюков мулоқот кунад.
Дар ин дидор ғолибан нақшаи Русия ҷиҳати таъмини Сурияву Эрон бо таслиҳоти низомӣ, аз ҷумла фурӯши мушакҳои пешрафтаи навъи П-800 “Яхонт” ба Димишқ, баҳс хоҳад шуд.
Маскав ба навбаи худ мехоҳад аз Эҳуд Барак барои интиқоли 50 зиреҳпӯши русӣ ба сарзаминҳои фаластинии каронаи бохтарии рӯди Урдун иҷозат бигирад.
XS
SM
MD
LG