Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди истиқлолияти минтақаи ҷудоихоҳи Молдова


Бо таҷлил аз 20-умин солгарди эълони истиқлолияти хеш имрӯз минтақаи ҷудоихоҳи Соҳили Днестри Молдова дар пойтахташ Тираспол паради ҳарбӣ баргузор кард. Нерӯҳои ҳарбӣ бо 100 тонк, зиреҳпӯшҳо ва тӯпхона аз майдони марказии шаҳр гузаштанд. Бино бар хабарҳо чанд узви Думаи давлатии Русия дар ин ҷашнвора ширкат дошта, сафири Русия дар Молдова, Валерий Кузмин истиқлолиятро ба мардум минтақаи Соҳили Днестр табрик кардааст. Мақомоти Молдова ин амали намояндагони Русияро ғайриқобили қабул номиданд. Минтақаи Соҳили Днестр дар соли 1992 бо нерӯҳои Молдова даргир шуда, дар он ҳодисаҳо 1 500 нафар ба ҳалокат расид. Русия аз нерӯҳояш дар ин минтақа ба ҳайси ҳомии сулҳ ва пуштибони истиқлолияти он истифода кард.
XS
SM
MD
LG