Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҳрики Толибон" дар феҳристи созмонҳои террористӣ


ИМА гурӯҳи “Таҳрики Толибон”-и Покистонро расман ба феҳристи созмонҳои байнулмилалии террористӣ шомил кард. Барои бозошти ду раҳбари ин гурӯҳ Вошингтон панҷ миллион доллар ҷойиза таъйин намудааст. Яке аз раҳбарони “Таҳрики Толибон” Ҳакимулло Маҳсуд дар ҳамла ба пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Афғонистон дар моҳи декабри соли гузашта айбдор мешавад. Он вақт ҳангоми инфиҷор дар пойгоҳ ҳафт корманди Хадамоти маркази кашфи ИМА кушта шуда буданд.
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, ёдрас кард, ки вуруд ба феҳристи созмонҳои террористӣ мунҷамидсозии ҳисобҳои бонкии раҳбарони ин созмонҳо ва маҳдудсозии сафарҳои хориҷии онҳоро дар пай дорад.
XS
SM
MD
LG