Пайвандҳои дастрасӣ

СММ куштори яҳудиҳоро маҳкум кард


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун бо пахши изҳороте куштори дирӯзаи чаҳор шаҳрванди Исроилро дар Каронаи Ғарбӣ чун як “кӯшиши ваҳшиёнаи баҳам задани музокираҳои Фаластину Исроил” маҳкум кард. Фардо дар Вашингтон қарор аст нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуди Аббос даври тозаи музокираҳоро шурӯъ мекунанд. Имрӯз Нетаняҳу дар изҳороте гуфт, ки Байтулмуқаддас бояд пойтахти ҷудонашавандаи Исроил боқӣ монад. Мақоми бахши шарқии Байтулмуқаддас дар 17 соли охир яке аз масоили баҳсбарангези музокираҳои ду ҷониб боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG