Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Духовка" ба ҷойи танур


Солҳои ахир бонувони Бадахшон дар пӯхтани нон аз танури бобоӣ рӯ ба тафдонҳои муосир меоранд. Вале аксари ҳамсӯҳбатҳои мо бар ин назаранд, ки нони тафдон маззаву лаззати нони тануриро надорад.

Хоҷабегим Шукруллоева, ки чанд сол боз дар Канада зиндагӣ мекунад, тайи чанд рӯзи меҳмонӣ дар Бадахшон ҳаваси нони тануриро шикаста натавонистааст. Хоҷабегим мегӯяд, дар ҳар хонавода барояш дастархони пурнозу неъмат мегустурданд, вале ҷои нони бамаззаи тануриро нони дар тафдон тайёршуда гирифтааст.

Ба гуфтаи Хоҷабегим, тоҷикони бадахшонии муқими Канада ҳамеша аз хонаи урфии помирӣ ёд мекунанд. Вай изҳор дошт, ки агарчи манзили бисерошёнаашон панҷ сутуну равзани иборат аз чаҳор қабат надорад, аммо дар ҳар хонавода ҷуроб, тоқӣ, мӯҳра ва дигар намунаҳои ҳунарҳои мардумии Бадахшонро метавон дид.

Анъанаҳо ба фаромушӣ меравад

Хоҷабегим изҳори таассуф кард, ки аммо дар Бадахшон бисёр вижагиҳои хонаи помирӣ ба тадриҷ аз байн меравад ва ҷойи танурро духовка, чалак ё гардчаҳро курсӣ мегирад.

Пажӯҳишгар Фирӯза Зоолшоева ба натиҷе расидааст, ки бо тағйири сохти меъмории хонаи помирӣ вожаҳои маъмули хоси хонаи урфӣ низ аз байн рафтааст. Вай мегӯяд, дар танур ҷои махсус аст, ки онро «сулак» мегӯянд ва рӯи ахгарҳои оташи танур ба ҳангоми сафар ва ё маросим испанд дуд мекарданд. Аммо айни ҳол барои дуд кардани испанд аз плита истифода мекунанд.

Ба гуфтаи Фирӯза зарурати обхин ва жив - ҷойи захира кардани ҳосили гандуму тут ҳам дигар дар хонаҳои анъанавӣ аз байн рафтааст. Пажӯҳишгар нигарон аст, ки бо дигаргуншавии сохтори хонаи помирӣ он торафт мақоми таърихӣ ва фарҳангии худро аз даст медиҳад.

Чиди замонавӣ

Аммо Баҳор Ҷумъаева, сокини Хоруғ, мегӯяд, ки алорағми дигаргуншави сохти хонаи помирӣ, панҷ сутуну равзани иборат аз чаҳор қабат - рамзи чаҳор аносир побарҷо мемонад ва моҳияти фалсафӣ ва фарҳангии он тағъйир напазируфта, нақшу нигори замонавӣ баръакс ба хона шукуҳи бештаре зам мекунад.

Аммо ба гуфтаи муҳаққиқ Лаълҷуббубаи Мирзоҳасан, чид, ё хонаи помирӣ тахайюли меъморӣ ва фалсафии ориёӣ ва равияи шиаи исмолиро дар худ таҷассум карда, ҳар яке аз ҷузвҳои он рамзи ба худ хосе дорад. Вай афзуд, ки панҷ фариштагони нур садоқат, ихлос ва некиву вафодорӣ дар даврони Ислом рамзи пойдории панҷ тан аз аҳли байтро гирифта, аносири об, оташ, хок ва бод дар чаҳор табақи равзани хона болои ҳам ҷой гирифтаанд.

Ба фикри муҳаққиқ ҳар як дигаргунӣ, ки дар сохти хонаи помирӣ ба вуқуъ мепайвандад, моҳияти фалсафии ин маҳсули андешаи меъмориро мекоҳонад. Вай гуфт, ҳоло баъзеҳо хонаи бадахшониро бо шаш сутун ҳам месозанд.

Хонаи анъанавӣ ё бинои бисёрошёна?

Дар ҳамин ҳол бархе бар ин назаранд, ки бо назардошти таҳаввулоти иҷтимоӣ хонаи помирӣ бояд ҷояшро ба манзилҳои истиқоматии ҳозиразамон диҳад. Аммо бештари мардум дар Бадахшон ҳануз ҳам худро побанди хонаи анъанавии помирӣ медонанд ва агарчи дар хонаҳои нав ҷойи танурро духовка гирифтааст, аммо тарзи анъанавии хонасозӣ ҳануз кам нашудааст.

Ахиран дар Бадахшон помирисур ва ё тӯйи помирӣ, ба ҳайси як намоиши диданӣ таваҷҷуҳи саёҳонро ҷалб кардааст. Тамошогарон мегӯянд, баргузории тӯй маҳз дар хонаи анъанавӣ кайфият ва ҷаззобият дорад, зеро ду суннати муқаддаси қадимаи мардумӣ аз ҳам ҷило мегиранд.
XS
SM
MD
LG