Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз рафти хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ


Раисиҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дар паёми ҳафтагии радиоии худ аз ҷараёни хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Ироқ истиқбол кард. Вай ин хуруҷро "қадами муҳиме дар хатми масъулонаи ҷанги Ироқ" номид. Вай афзуд, хуруҷи нерӯҳо намунаи иҷрои ваъдаҳои пешазинтихоботии ӯст. Обама гуфт, Ироқ ҳамчун ҳар кишвари соҳибистиқлол ҳақ дорад, роҳи хоси худро дар пеш бигирад. Қарор аст, нерӯҳои Амрико то поёни соли оянда аз Ироқ хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG