Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолӣ аз шаҳри Таттаи Покистон кӯч дода мешавад


Имрӯз Покистон аз манотиқи офат дар ҷануб аз минтақаи Синд 300 000 нафарро ба ҷойҳои дигар кӯч медиҳад. Як рӯз пеш аз ин минтақа ҳудуди 400 000 нафар аз шаҳракҳои атроф ба ҷойҳои дигар интиқол дода шуданд. Барои итиқоли сокинони Татта замоне дастур содир шуд, ки оби рӯдхонаи Ҳинд девори ҳифозатии соҳилро ба андозаи 6 метр рахна кард ва ба шаҳр сарозер шуд. Мансур Шейх-шаҳрдори Татта мегӯяд, то нисфирӯзӣ тақрибан 70 дарсади аҳолӣ ба ҷойҳои амн кӯч дода шуданд. Ҷон Ҳолмз-ҳамоҳангсози кумакҳои фаврӣ ва умури башарии СММ мегӯяд, дар Покистон тақрибан 17 миллион нафар аз селобҳо осеб дидаанд ва 4 миллион нафари онҳо дар аёлати Синд мебошанд:

"Аз нуқтаи назари ҳар кас вазъ хеле душвор боқӣ мондааст. Доманаи селобҳо васеътар мешавад, ба вижа ба самти аёлати ҷанубии Синд, зеро селоб мустақиман ба поён ба ҷануби Покистон ҷорӣ мешавад".

Селобҳо ба садкилометрии шарқи шаҳри Карочӣ наздик шудааст.
XS
SM
MD
LG