Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз 100-солагии модархонум Тереза


Дирӯз дар ҷаҳон ва бавижа дар Ҳинду Албания ва Мақдуния аз 100-солагии Модархонум Тереза таҷлил карданд. Ин роҳибаи албанитабори калисои католикӣ, ки соли 1910 дар Скопйе, пойтахти Мақдунияи кунунӣ ба дунё омадааст, соли 1979 барои кӯмакҳое ки ба фақирон мерасонд, сазовори ҷоизаи сулҳи Нобел шуд. Маркази созмони хайрияи Тереза дар Калкуттаи Ҳинд қарор дошта, феълан аз 765 бахш дар 135 кишвар иборат буда, беш аз 5000 роҳибаро фаро мегирад.
Модархонум Тереза соли 1997 аз олам чашм пӯшид ва Ватикан 6 сол баъдаш исми ӯро ба феҳрасти чеҳраҳои муқаддаси калисои католикӣ ҳамроҳ кард.
Попи Рум Бенедикти 16 аз ҳамагон даъват кард, аз таҷрубаи зиндагии модархонум Тереза, ки ҳаёташро сарфи ёрӣ ба фақирону маризон кард, дарси ибрат бигиранд.
XS
SM
MD
LG