Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгарон мактаби духтаронаро таркониданд


Дар минтақаи қабиланишини Хайбари Покистон як мактаби духтарона тарконида шуд. Ба иттилоъи Радиои Машъал – бахши покистонии Радиои Озодӣ, ин мактаб дар деҳаи Малак Динхели вилояти Бара бунёд шуда буд. Вилояти Бара то охирҳои соли гузашта таҳти назорати ошӯбгарон аз гурӯҳи "Лашкари ислом" қарор дошт. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, шурӯъ аз соли 2009 аз сӯи ошӯбгарон 18 мактаби ҳукуматӣ тахриб шудааст. Айни ҳол нерӯҳои амниятии Покистон дар ин минтақа алайҳи боқимондаҳои “Лашкари ислом”, ки ба он ронандаи собиқ Мангал Боғ раҳбарӣ мекунад, амалиёти низомӣ мегузаронанд.
XS
SM
MD
LG